ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТИ МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА» ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ — 2026»

22 октябри соли 2026 дар шаҳри Бохтар бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест — 2026» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ва намояндагони субъектҳои ҳудуди минтақа иштирок намуданд.
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест — 2026» бо сухани ифтитоҳии Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло оғоз гардида, дар кори он намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва молиявӣ, сармоягузорони ватаниву хориҷӣ, инчунин ширкатҳои истеҳсолӣ, тиҷоратӣ ва логистикӣ иштирок намуданд.

Зимни форум Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ суханронӣ намуда, аҳаммияти ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ, коркарди амиқи ашёи хом, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва тақвияти иқтидори содиротии вилояти Хатлон ва кишварро таъкид намуд. Зикр гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ, густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нави истеҳсолӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар доираи форум Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ва субъектҳои он маҳсулоти истеҳсолии худро дар намоишгоҳ муаррифӣ намуда, имкониятҳои сармоягузорӣ, иқтидори истеҳсолӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолият ва дурнамои рушди минбаъдаи минтақаро ба иштирокчиён ва меҳмонони форум пешниҳод карданд.
Иштироки роҳбарияти Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дар ин ҳамоиши байналмилалӣ барои муаррифии имкониятҳои иқтисодию истеҳсолии минтақа, ҷалби таваҷҷуҳи сармоягузорони ватаниву хориҷӣ, ба роҳ мондани робитаҳои нави соҳибкорӣ ва таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд аҳаммияти муҳим дорад.
Яке аз рӯйдодҳои муҳими форум баимзорасонии як созишнома ва чор меморандуми ҳамкорӣ гардид, ки ба рушди робитаҳои иқтисодию сармоягузорӣ, густариши ҳамкориҳои соҳибкорӣ ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои татбиқи ташаббусҳои муштарак равона шудаанд. Ин иқдомро метавон қадами муҳим дар самти таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди фаъолияти истеҳсолию соҳибкорӣ арзёбӣ намуд.
Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дар доираи сиёсати созандаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ барои ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, рушди саноати миллӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва густариши ҳамкориҳои байналмилалии иқтисодӣ тадбирҳои заруриро амалӣ хоҳад кард.



Leave a Reply