- Thursday October 22nd, 2026
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
21 октябри соли 2026 дар Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» мулоқоти роҳбари Маъмурият Собирзода Ҷамшед Абдусаид бо ҳайати сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
Роҳбарияти Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дар фаъолияти худ дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон-ро сармашқи кор қарор дода, ҷиҳати фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, рушди истеҳсолоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Зимни мулоқот роҳбари Маъмурият Собирзода Ҷамшед Абдусаид меҳмононро хайрамақдам гуфта, доир ба имкониятҳои васеи сармоягузорӣ, мавқеи мусоиди ҷуғрофии минтақа, имтиёзҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ ва шароити фароҳамовардашуда барои фаъолияти самараноки соҳибкорону сармоягузорони хориҷӣ маълумот пешниҳод намуд.
Таъкид гардид, ки минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда метавонад барои татбиқи лоиҳаҳои нави истеҳсолӣ, рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва густариши робитаҳои мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин заминаи мусоид фароҳам оварад.
Ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба имкониятҳои ҳамкориҳои минбаъда, ҷалби сармоя, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколамаи созанда, таҳкими ҳамкориҳои судманд ва баррасии имкониятҳои нави сармоягузорӣ изҳор намуданд.
Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дар доираи сиёсати созандаву дурбинонаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ барои ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, рушди иқтидори истеҳсолӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии иқтисодӣ саъю талош хоҳад кард.


Русский
English


