- Monday October 5th, 2026
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
Ҳамватанони азиз!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти беандоза Шумо — кормандони Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», соҳибкорон ва сармоягузорон, зиёиён ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
Забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ яке аз муқаддастарин рукнҳои давлатдорӣ, омили муҳими таҳкими ваҳдати миллӣ, худшиносӣ ва худогоҳии мардум ба ҳисоб меравад. Ин забони куҳанбунёду пурғановат дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи худ ҳамчун забони фарҳангу маърифат, илму адаб ва тафаккури миллӣ мақоми шоиста касб намуда, дар ташаккул ва рушди тамаддуни тоҷикон нақши бузург гузоштааст.
Бо ин забони ширину шево на танҳо осори гаронбаҳои адабии дорои арзиши ҷаҳонӣ офарида шудааст, балки донишмандони бузурги миллати тоҷик асарҳои пурарзиши илмӣ низ таълиф намудаанд, ки дар пешрафти соҳаҳои гуногуни илму дониш, аз ҷумла илмҳои табиӣ ва дақиқ, саҳми арзанда гузоштаанд. Аз ин рӯ, забони тоҷикӣ аз даврони қадим на танҳо забони фарҳангу адаб, балки забони илму маърифат ва дониш низ ба шумор меравад.
Имрӯз, ба шарофати сиёсати созанда, фарҳангпарварона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳифз, рушд ва таҳкими мақоми забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳангӣ ва маънавии давлат ба ҳисоб меравад.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва тадбирҳои пайвастаи роҳбарияти давлат дар самти ҳифзу рушди забони давлатӣ барои таҳкими мақоми забони тоҷикӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа заминаи устувор фароҳам овардаанд.
Дар замони рушди босуръати илму техника ва густариши равандҳои ҷаҳонишавӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус аҳли зиё, олимону донишмандон, омӯзгорон ва ҷавонон, аз он иборат аст, ки барои рушди пайвастаи забони тоҷикӣ, ғанӣ гардонидани имкониятҳои баёни он ва мутобиқ намудани захираи истилоҳотию луғавии он ба талаботи замони муосир саҳми арзандаи худро гузорад.
Ҳамзамон, риояи меъёрҳои забони адабӣ, баланд бардоштани маданияти сухан ва ҳифзи фасоҳату балоғати забони модарӣ бояд ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи ҳар як шаҳрванди кишвар қарор дошта бошад. Зеро эҳтиром ба забони давлатӣ ва арҷгузорӣ ба забони модарӣ пеш аз ҳама дар дурусту босаводона навиштан, риояи меъёрҳои забони адабӣ ва фарҳанги баланди муошират зоҳир мегардад.
Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки ба фарҳанги суханварӣ, тарзи дурусти баён ва истифодаи шоистаи имкониятҳои забони тоҷикӣ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир намуда, забони модариро аз истифодаи нодуруст, ғалатҳои забонӣ ва корбурди беҷои калимаю истилоҳоти бегона ҳифз намоем.
Дар даврони истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати таблиғу ташвиқи забони тоҷикӣ, баланд бардоштани сатҳи сухандонӣ, рушди фарҳанги миллӣ ва густариши маърифати забондонӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд ва ин раванд бо дастгирии пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.
Аз ҷумла, осори гаронбаҳои адибони барҷастаи классикӣ ва муосири тоҷик пайваста ба нашр расида, барои истифодаи васеи аҳли ҷомеа, бахусус насли наврасу ҷавонон, дастрас гардонида мешаванд. Ин иқдомҳо барои таҳкими маърифати миллӣ, рушди завқи китобхонӣ ва эҳтиром ба забону фарҳанги миллӣ аҳаммияти муҳим доранд.
Вобаста ба ин, махсусан насли наврас ва ҷавононро зарур аст, ки аз ин неъмати бебаҳои маънавӣ ҳарчи бештар баҳра гирифта, барои дурусту босаводона навиштан, бо забони адабии тоҷикӣ сухан гуфтан ва дар муоширати ҳаррӯза ба забони давлатӣ эҳтиром гузоштан пайваста кӯшиш намоянд.
Забон, миллат ва давлат мафҳумҳои ба ҳам пайванди ногусастанӣ дошта, устувории давлат, бақои миллат ва ҳифзи ҳувияти миллӣ ба воситаи забон таъмин мегардад. Ҳастии забон гарави ҳастии миллат, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва заминаи муҳими бақои фарҳангу тамаддуни он мебошад. Зеро ганҷинаи илмиву адабӣ, фарҳангӣ ва маънавии миллат пеш аз ҳама ба воситаи забон ҳифз гардида, аз насл ба насл интиқол меёбад.
Бо дарназардошти ин, вазифаи муқаддаси давлат ва ҷомеа, бахусус аҳли зиё, дар баробари фароҳам овардани шароити мусоид барои омӯзиши амиқ ва дурусти забони тоҷикӣ, аз таблиғу ташвиқи он ҳамчун забони умумимиллӣ ва яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ иборат мебошад.
Итминон дорам, ки ҳар яки мо бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ барои ҳифзи покизагии забони тоҷикӣ, таҳкими мақоми он ҳамчун забони давлатӣ ва рушди минбаъдаи забони ноби модарии худ саҳми арзанда мегузорем.
Бори дигар кулли ҳамватанони азиз, кормандони Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», соҳибкорону сармоягузорон, аҳли зиё ва ҳар фарди ватандӯсту ватанпарвари кишварро ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар сулҳу оромӣ, суботи устувор, хушбахтиву саодатмандӣ, файзу баракат ва дар роҳи ҳифзу рушди забони ширину шевои модариамон комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоям.
Ҷашни Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!


Русский
English