- Saturday October 3rd, 2026
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
Устодону омӯзгорони арҷманд!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти беандоза ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи омӯзгор самимона табрик гуфта, бароятон пеш аз ҳама саломатии бардавом, саодати рӯзгор, неруи тоза, дастовардҳои назаррас ва дар иҷрои рисолати пуршарафи касбӣ барору комёбиҳои беназир орзу менамоям.
Омӯзгорӣ яке аз касбҳои пуршараф, масъулиятнок ва заҳматталаби ҷомеа буда, омӯзгор ҳамчун тарбиятгари насли наврас, роҳнамои илму дониш ва парваришгари маънавиёту ахлоқ дар ташаккули шахсияти инсон ва рушди ҷомеа нақши ниҳоят муҳим дорад. Маҳз омӯзгор бо дониш, маърифат ва таҷрибаи худ насли наврасро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намуда, дар замири онҳо ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашариро ташаккул медиҳад.
Боиси ифтихор аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо ташаббус ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфта, барои рушди он ва баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор тадбирҳои пайваста ва муассир амалӣ мегарданд.
Таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат ба соҳаи маориф ва омӯзгорон дар қабул ва татбиқи санадҳои муҳими давлатӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор», ки бо ташаббус ва дастгирии Сарвари давлат ба миён омадааст, равшан ифода меёбад. Ин иқдом ҳамчун заминаи муҳими ҳуқуқӣ барои таҳкими мақоми иҷтимоӣ ва касбии омӯзгор, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ӯ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти омӯзгорӣ хизмат менамояд.
Қабули чунин санади муҳим бори дигар собит месозад, ки дар сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақому манзалат, ҳуқуқу кафолатҳои иҷтимоӣ ва фаъолияти омӯзгорон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Зеро рушди устувори ҷомеа, баланд гардидани сатҳи маърифатнокии мардум ва тарбияи насли созандаву соҳибмаърифат бевосита ба сифати таълиму тарбия ва заҳмати омӯзгорон вобаста мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо ва мулоқотҳои худ пайваста ба нақши омӯзгор дар рушди ҷомеа ва тарбияи насли наврас таъкид намуда, пешаи омӯзгориро яке аз муқаддастарин ва пуршарафтарин касбҳо арзёбӣ менамоянд. Ин ғамхорӣ ва дастгирии пайвастаи давлату Ҳукумат масъулияти ҳар як омӯзгорро дар назди ҷомеа, давлат ва насли оянда боз ҳам бештар менамояд.
Воқеан, омӯзгор чароғи илму донишро фурӯзон намуда, ба шогирдон роҳи дурусти зиндагӣ ва созандагиро нишон медиҳад. Аз ин рӯ, рисолати омӯзгор танҳо таълим додани дониш набуда, балки тарбияи инсони комил, ватандӯст, соҳибмаърифат, худшинос ва масъулиятшинос мебошад. Заҳмату фаъолияти содиқонаи омӯзгорон дар тарбияи насли созанда ва рушди минбаъдаи давлату миллат нақши муассир дорад.
Ҳамаи дастовардҳои соҳаи маориф ва муваффақиятҳои шогирдони кишвар дар арсаҳои гуногун самараи меҳнати содиқона, масъулиятшиносӣ, дониш ва маҳорати касбии омӯзгорони асил мебошанд. Устодони соҳибтаҷриба ва омӯзгорони ҷавон бо меҳнати содиқонаи худ дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, рушди илму маърифат ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб саҳми арзанда мегузоранд.
Итминон дорам, ки устодону омӯзгорони арҷманд минбаъд низ бо эҳсоси баланди масъулият, садоқат ба касби пуршарафи худ ва муҳаббат ба Ватан дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва тарбияи насли наврас — созандагони ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол — саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.
Бори дигар ҳамаи Шумо — устодону омӯзгорони арҷмандро ба муносибати Рӯзи омӯзгор самимона табрик намуда, бароятон саломатии бардавом, рӯзгори обод, хушбахтии оилавӣ, неруи тоза, рӯҳияи созанда ва дар фаъолияти пуршарафи омӯзгорӣ дастовардҳои нав ба навро таманно менамоям.
Рӯзи омӯзгор муборак, устодони арҷманд!


Русский
English