- Wednesday September 23rd, 2026
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
Дар доираи татбиқи сиёсати созанда ва дурнамои рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ташаббусҳо ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла ҷиҳати ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, рушди истеҳсолоти саноатӣ ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодии байналмилалӣ роҳандозӣ мегардад, Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ҳамкориҳои судмандро бо шарикони хориҷӣ пайваста густариш медиҳад.
23 сентябри соли 2026 роҳбари Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» Собирзода Ҷамшед Абдусаид сармоягузорон аз Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба ҳузур пазируфт.
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
Зимни мулоқот меҳмонон бо фаъолияти Маъмурияти МОИ «Данғара», имкониятҳои мавҷудаи сармоягузорӣ, инфрасохтори истеҳсолӣ ва иқтидорҳои корхонаҳои истеҳсолии дар ҳудуди минтақа фаъолиятдошта аз наздик шинос гардиданд.
Дар идомаи боздид вохӯрии корӣ дар маҷлисгоҳи Маъмурияти МОИ «Данғара» баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба имкониятҳои сармоягузорӣ, ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ҷалби технологияҳои муосир ва рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ба сармоягузорон оид ба имтиёзҳо ва имкониятҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти сармоягузорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, шароити мусоиди соҳибкорӣ, инфрасохтори мавҷуда ва тадбирҳои дастгирии давлатии сармоягузорон маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин аҳамияти хосса қоил буда, густариши робитаҳои тиҷоративу сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки истеҳсолӣ ва ҷалби сармояи чинӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба ба ҳисоб меравад.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи робитаҳои созанда, таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва баррасии имкониятҳои татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» иброз намуданд.
Мулоқот дар фазои эҳтироми мутақобил, ҳусни тафоҳум ва рӯҳияи ҳамкории судманд баргузор гардида, барои таҳкими робитаҳои иқтисодию сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин заминаи мусоид фароҳам овард.


Русский
English


