ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОР АЗ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН БА МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА»

Муносибатҳои дӯстона ва бародаронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар заминаи сиёсати созанда ва саъю талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев таҳким меёбанд, бар пояи эҳтироми мутақобила, эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ рушд намуда, барои густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ заминаи мусоид фароҳам овардаанд.
Дар ҳамин замина, 22 сентябри соли 2026 сармоягузор аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ташриф овард.

Зимни ташриф сармоягузор бо фаъолияти корхонаҳои ҳудуди минтақа, иқтидорҳои истеҳсолӣ ва имкониятҳои инфрасохторӣ шинос гардида, дар мулоқоти корӣ масъалаҳои марбут ба имкониятҳои сармоягузорӣ, шароити фаъолияти соҳибкорӣ ва самтҳои эҳтимолии ҳамкориҳои минбаъда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Роҳбари Маъмурияти МОИ «Данғара» Собирзода Ҷамшед Абдусаид доир ба имкониятҳои минтақа ва шароити мусоид барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ маълумот пешниҳод намуда, омодагии Маъмуриятро барои дастгирии ташаббусҳои сармоягузорӣ ва таҳкими ҳамкориҳои минбаъда таъкид намуд.
Ташрифи мазкур дар рӯҳияи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои рӯзафзуни Тоҷикистону Ӯзбекистон сурат гирифта, барои боз ҳам наздик гардидани робитаҳои соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаҳои нави иқтисодӣ миёни ду кишвари дӯсту ҳамсоя заминаи мусоид фароҳам меорад.



Leave a Reply