- Wednesday August 26th, 2026
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
25 августи соли 2026 ҳайати сармоягузорон ва намояндагони соҳибкории Ҷумҳурии Исломии Эрон бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузорӣ, шиносоӣ бо имкониятҳои мавҷудаи сармоягузорӣ ва баррасии самтҳои нави ҳамкории муштарак аз Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» боздид намуданд.
Сармоягузоронро Роҳбари Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» Собирзода Ҷамшед Абдусаид қабул намуда, ба онҳо оид ба имкониятҳои васеи сармоягузорӣ, инфрасохтори муосир, шароити мусоиди фаъолияти соҳибкорӣ, имтиёзҳои андозию гумрукӣ, имкониятҳои ҷудо намудани қитъаҳои замин ва дигар шароити фароҳамгардида барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
Зимни мулоқот масъалаҳои ҷалби сармояи мустақим, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ташкили ҷойҳои нави корӣ, рушди истеҳсолоти ватанӣ ва густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ миёни соҳибкорони ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки муносибатҳои дӯстона, таърихию фарҳангӣ ва робитаҳои неки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон заминаи устувор барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузории судманд фароҳам меоранд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколамаи созанда, таҳкими шарикии иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ изҳор намуданд.


Русский
English


