ВОХӮРИИ РОҲБАРИ МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА» БО САРМОЯГУЗОРОНИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН

Дар доираи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди саноат ва ҷалби сармояи хориҷӣ, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад, 24 июли соли 2026 дар Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» вохӯрии Роҳбари Маъмурият Собирзода Ҷамшед Абдусаид бо сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ба меҳмонон фаъолияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», имкониятҳои фароҳамгардида барои таъсиси корхонаҳои истеҳсолии муосир, инфрасохтори мавҷуда, имтиёзҳои андозиву гумрукӣ ва дигар бартариятҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуданд.
Ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, ҷалби технологияҳои муосир, таъсиси истеҳсолоти рақобатпазир, рушди иқтидори содиротӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузориро мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор доданд.
Сармоягузорон ба фазои мусоиди сармоягузорӣ, имкониятҳои мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ ва дастгирии давлатии сармоягузорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дода, омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои дарозмуддат ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар ҳудуди МОИ «Данғара» иброз намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, ҷалби сармояи хориҷӣ ва татбиқи бомуваффақияти лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ таъкид намуданд.



Leave a Reply