ВОХӮРИИ ҲАЙАТИ САРМОЯГУЗОРОНИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН БО РОҲБАРИЯТИ МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА»

20 июли соли 2026 дар Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» вохӯрии роҳбари Маъмурият Собирзода Ҷамшед Абдусаид бо ҳайати сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ, интиқоли технологияҳои муосир, рушди саноат ва истифодаи самараноки имконияту афзалиятҳои минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.

Таъкид карда шуд, ки бо сиёсати хирадмандона, созанда ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва фаъолияти самараноки минтақаҳои озоди иқтисодӣ фазои мусоиди сармоягузорӣ фароҳам оварда шудааст. Ба ҳайати сармоягузорон оид ба имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, инфрасохтори муҳайёшуда, кафолатҳои давлатӣ ва имкониятҳои васеи сармоягузорӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Ҷонибҳо бо қаноатмандии хоса изҳор намуданд, ки муносибатҳои дӯстона, бародарона ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи сарони ду давлати дӯст пайваста таҳким меёбанд, имрӯз ҳамчун намунаи ҳамсоягии нек, эътимоди мутақобила, эҳтироми ҳамдигар ва ҳамкориҳои судманд дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардида, барои густариши муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги муштарак заминаи устувор фароҳам овардааст.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи татбиқи лоиҳаи бунёди корхонаи истеҳсоли панелҳои офтобӣ дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»-ро баррасӣ намуда, омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои дарозмуддат, татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ ва таҳкими минбаъдаи шарикии иқтисодии миёни ду кишвари дӯсту бародар изҳор намуданд.



Leave a Reply