- Wednesday July 8th, 2026
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
08 июли соли 2026 дар Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» мулоқоти кории Роҳбари Маъмурият Собирзода Ҷамшед Абдусаид бо сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.
Зимни мулоқоти ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодиву сармоягузорӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, интиқоли технологияҳои муосир, таъсиси иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки саноатӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»-ро мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор доданд.
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
Роҳбари Маъмурият таъкид намуд, ки дар доираи сиёсати созанда ва иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва фаъолияти самараноки минтақаҳои озоди иқтисодӣ заминаи мусоиди ҳуқуқиву иқтисодӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳамзамон, барои сармоягузорон имтиёзҳои андозию гумрукӣ, кафолатҳои давлатӣ ва инфрасохтори зарурӣ муҳайё гардидааст.
Ба меҳмонон имкониятҳои сармоягузории минтақа, низоми имтиёзҳо, мавқеи мусоиди ҷуғрофӣ, инфрасохтори мавҷуда ва самтҳои афзалиятноки рушди истеҳсолот муаррифӣ гардида, доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ мубодилаи судманди афкор анҷом дода шуд.
Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки муносибатҳои дӯстона, бародарона ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барои густариши ҳамкориҳои иқтисодиву сармоягузорӣ, рушди саноат ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки дорои аҳамияти стратегӣ заминаи устувор фароҳам овардааст.
Дар фарҷоми мулоқот масъалаҳои амалисозии лоиҳаи бунёди корхонаи истеҳсолӣ ва хизматрасониҳои нақлиётӣ дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, ҷалби сармояи нав ва татбиқи лоиҳаҳои ояндадор изҳор намуданд.


Русский
English


