- Monday June 22nd, 2026
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
Дар доираи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди саноат ва ҷалби сармояи хориҷӣ, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад, 22 июни соли 2026 дар Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» вохӯрии Роҳбари Маъмурият Собирзода Ҷамшед Абдусаид бо сармоягузори Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.
![]() |
![]() |
Дар ҷараёни вохӯрӣ ба сармоягузор оид ба фаъолияти минтақа, имкониятҳои мавҷуда барои таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, инфрасохтори муҳайёгардида, инчунин имтиёзҳои андозиву гумрукӣ ва дигар бартариятҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, ҷалби технологияҳои муосир, таъсиси истеҳсолоти рақобатпазир ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузориро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Сармоягузор аз имкониятҳои фароҳамгардида барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва дастгирии давлатии сармоягузорон изҳори қаноатмандӣ намуда, ба рушди ҳамкориҳои минбаъда дар ҳудуди МОИ «Данғара» таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ таъкид карданд.


Русский
English
