- Monday June 22nd, 2026
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
Дар партави сиёсати иқтисодии созанда ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, 22 июни соли 2026 дар Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» вохӯрии Роҳбари Маъмурият Собирзода Ҷамшед Абдусаид бо сармоягузори Ҷумҳурии Украина баргузор гардид.
![]() |
![]() |
Зимни вохӯрӣ ба меҳмон оид ба имкониятҳои васеи сармоягузорӣ, инфрасохтори мавҷуда, самтҳои афзалиятноки фаъолияти истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ, инчунин имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, ки барои субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ пешбинӣ гардидаанд, маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ ва рушди бахши истеҳсолӣ тамоми шароити мусоидро фароҳам овардааст, ки ин омил барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ заминаи устувор муҳайё менамояд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодиву сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва ҷалби сармоя ба бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва роҳандозии лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ дар ҳудуди МОИ «Данғара» изҳор намуданд.


Русский
English
