БОЗДИДИ САРМОЯГУЗОРОНИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН АЗ МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА»

14 майи соли 2026 дар доираи таҳкими ҳамкориҳои иқтисодиву сармоягузорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин гурӯҳи сармоягузорони чинӣ аз Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» боздид ба амал оварданд. Меҳмононро роҳбари Маъмурият Собирзода Ҷамшед Абдусаид дар фазои гарму дӯстона истиқбол намуд.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки имрӯз муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар заминаи сиёсати хирадмандона ва ояндабинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи нави ҳамкориҳои стратегӣ расида, рӯз аз рӯз густариш меёбанд.
Ҳамчунин зикр карда шуд, ки дар ин рӯзҳо сафари давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин идома дошта, масъалаҳои ҷалби сармояи хориҷӣ, рушди ҳамкориҳои истеҳсолӣ, саноатӣ ва таҳкими робитаҳои иқтисодии ду кишвар дар меҳвари асосии музокирот қарор доранд.
Роҳбари Маъмурият ба меҳмонон оид ба имкониятҳои сармоягузорӣ дар минтақа, имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, инфрасохтори мавҷуда, шароити мусоиди соҳибкорӣ ва дастгириҳои давлатӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Дар рафти вохӯрӣ Собирзода Ҷамшед Абдусаид иброз дошт, ки Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» барои сармоягузорони хориҷиву дохилӣ тамоми шароити мусоидро фароҳам оварда, ҷиҳати татбиқи босамари лоиҳаҳои иқтисодиву истеҳсолӣ ҳамкории ҳамаҷониба менамояд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ дар минтақа таъкид намуданд.



Leave a Reply