- Saturday September 6th, 2025
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
Санаи 6 сентябри соли 2025 ҳайати сармоягузорони Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии намояндагони сохторҳои масъули иқтисодӣ ба Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ташриф оварданд.
Меҳмононро Роҳбари Маъмурият бо самимият истиқбол намуда, аз фаъолияти як қатор корхонаҳои истеҳсолии ҳудуди минтақа, иқтидори онҳо ва натиҷаҳои амалии соҳибкорон муфассал шинос карданд.
![]() |
![]() |
Дар ҷараёни сафари корӣ меҳмонон бо имкониятҳои истеҳсолӣ, иқтидори инфрасохторӣ ва шароити мусоид барои сармоягузорӣ дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» аз наздик ошно гардиданд.
Сипас, дар маҷлисгоҳи бинои Маъмурият вохӯрии расмӣ баргузор шуд. Дар ин ҷаласа, ки бо иштироки Роҳбари Маъмурият, муовини Раиси вилояти Хатлон, намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, соҳибкорон, инчунин намояндагони Маъмуриятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ» ва «Кӯлоб» сурат гирифт, масоили густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва роҳандозии лоиҳаҳои муштарак баррасӣ гардиданд.
Роҳбари Маъмурият зимни суханронии худ аз дастгириву таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ташаккул ва рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ёдовар шуда, иброз доштанд, ки имрӯз барои ҷалби сармояи хориҷӣ, рушди соҳибкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак ҳамаи шароити зарурӣ фароҳам мебошад. Инфрасохтори замонавӣ, имтиёзҳои қонунӣ ва дастгирии давлатӣ заминаи боэътимод барои фаъолияти самараноки сармоягузорон ба шумор меравад.
Ҳайати сармоягузорони Ҷумҳурии Исломии Эрон низ аз шароити фароҳамгардида ва имкониятҳои мусоиди минтақаҳои озоди иқтисодӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои гуногуни истеҳсолот, тиҷорат ва хизматрасонӣ баён доштанд.


Русский
English
