Иштироки Роҳбари Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” дар Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон

8 июли соли 2025 дар толори бошукӯҳи Муассисаи давлатии “Кохи Истиқлол” Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ширкат ва суханронӣ намуданд.

Дар ин ҳамоиши сатҳи баланд Роҳбари Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” низ иштирок намуда, бо намояндагони доираҳои бонуфузи соҳибкории Ҷумҳурии Қирғизистон дидору мулоқотҳои созанда анҷом дод.

Зимни вохӯриҳои дуҷониба, ҷонибҳо масъалаҳои муҳими рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ба инфрасохтори замонавӣ ва густариши иқтидорҳои истеҳсолии Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара”-ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Изҳори омодагӣ ба тавсеаи муносибатҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ аз ҷонибҳои ҳарду кишвар собит сохт, ки иродаи қавӣ ва эҳтироми муштарак заминаи хубе барои пешбурди ҳамкориҳо фароҳам овардааст.

Дар доираи форуми мазкур, миёни Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” ва сармоягузорони Ҷумҳурии Қирғизистон санади расмии ҳамкорӣ ва ёддоштҳои тафоҳум (меморандумҳо) ба имзо расонида шуданд. Ин ҳуҷҷатҳои муҳими байниидоравӣ ба ҳайси заминаи боэътимоди рушди минбаъдаи робитаҳои иқтисодӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ хидмат хоҳанд кард.

Форуми мазкур ба ҳайси яке аз рӯйдодҳои намоён дар рушди муносибатҳои иқтисодии минтақаӣ, муаррифии имкониятҳои сармоягузории кишвар ва таҳкими ҳамкориҳои байнисоҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон арзёбӣ мегардад.



Leave a Reply