Афзалиятҳои мо
Имтиёзҳои андозбандӣ
Ҳама намуди фаъолият дар ҳудуди МОИ “Данғара” аз андоз озод мебошанд.
Имтиёзҳои гумрукӣ
Соҳиби имтиёзҳо дар воридот ва содироти молҳо бошед!
Нерӯи кофии корӣ
Беҳтарин мутахассисон дар соҳаи худ.
Мавқеи мусоиди ҷуғрофӣ
Беҳтарин мавқеъ ва шароити мусоид барои рушди тичорати Шумо.
Инфрасохтори рушдёфта.
Шартҳои беҳтарин барои равандҳои истеҳсолӣ.
"Равзанаи ягона"
Бақайдгирӣ аз рӯи принсипи “равзанаи ягона”, ки тамоми вазифаҳоро соддатар менамояд.
Хабарҳо
-
МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА» — ҒОЛИБИ ОЗМУНИ «ТОП-35 ШИРКАТИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ»
Дар заминаи сиёсати созанда ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рушди соҳибкорӣ, дастгирии бахши хусусӣ, ҷалби сармоя ва фароҳам овардани муҳити мусоиди иқтисодию сармоягузорӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии давлат ба ҳисоб меравад. Дар доираи ин сиёсати созанда, Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дар озмуни
Saturday August 15th, 2026 -
ВОХӮРИИ РОҲБАРИ МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА» БО САРМОЯГУЗОРОНИ ҶУМҲУРИИ ТУРКИЯ
Дар доираи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди саноат ва ҷалби сармояи хориҷӣ, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад, 11 августи соли 2026 дар Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» вохӯрии Роҳбари Маъмурият Собирзода Ҷамшед Абдусаид бо сармоягузорони Ҷумҳурии Туркия баргузор гардид. Зимни
Tuesday August 11th, 2026 -
СУПОРИДАНИ ШАҲОДАТНОМАИ СУБЪЕКТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА» БА ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ «ЭНЕРГИЯИ НАВИ ШАМОЛИ»
Дар доираи сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ, рушди саноатикунонии босуръати кишвар, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Энергияи нави шамоли», ки бо ҷалби сармояи Ҷумҳурии Мардумии Чин таъсис ёфтааст,
Wednesday July 29th, 2026
Тақриз
Сюй Ган (ҶХХ)
Роҳбарияти ширкати чинии “ХЕ ЛИ” бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шартнома дар бораи сохтмони заводи коркарди нафт дар МОИ “Данғара” ба имзо расонида буд. Барои амалӣ гардонидани ин санад ҶДММ “ТК Ойл” таъсис дода шуд, ки роҳбарии онро ман ба уҳда дорам.
Бо ерии Роҳбарияти мо ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозимиро гирифтем, ба ҳамаи шарикон ва мутахассисони мо раводидҳо пешниҳод шуданд. Инчунин қитъаи замин низ ҷудо карда шуд. Хатхои барқ, об ва роҳ гузаронида шуд.Роҳбарияти МОИ ҳамаи шароитҳоро барои кору зиндагии хуб барои кормандонамон таъмин кардааст.
Айни ҳол сохтмони завод 95% иҷро шудааст ва мо тасмим гирифтем, ки то 30 июни соли 2017 заводро ба кор дарорем. Заводи мо заводи калонтарини коркарди нафт дар Осиеи Маркази хоҳад буд. Ҳаҷми сармоягузорӣ 500 млн доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ҳаҷми коркард 1,2 млн тоннро ташкил медиҳад. Ташаккури зиед ба роҳбарияти МОИ “Данғара” дар чунин дастгирӣ!
Руан Банҷун (ҶХХ)
Мо кушодашавии МОИ “Дангара”-ро аз сармоягузорони Чин шунидем. Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада ба роҳбарони МОИ во хурдем. Онҳо моро хело гарм пешвоз гирифтанд ва дар натиҷа 4 га замин барои сохтмони заводи металлоконструксияҳо ҷудо карданд.
Хаҷми сармоягузориӣ ба сохтмони ин завод 20 млн доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар тули 2 сол мо ин заводро сохтем. Қувваи коркарди завод 120 ҳазор тоннро ташкил медиҳад.
Роҳбарияти МОИ ҳаматарафа моро дастгирӣ карданд. Дар муддати кутоҳ хатҳои об, барқ ва роҳ гузаронида шуд. Ба ҳамаи мутахассисони мо, ки аз хориҷа буданд, раводид пешниҳод карданд. Кушодашавии расмии заводро бесаброна интизорем. Миннатдории худро ба Роҳбарияти МОИ “Данғара” мерасонем.
Маҳдӣ Муҳаммад (ҶИЭ)
Мо яке аз аввалин субъекти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» мебошем. Мо тасмим гирифтем, ки дар ҳудуди минтақа корхонаи истеҳсоли маводҳои шустушўиро бунёд намоем.
Маъмурияти минтақа ба мо ҳаматарафа ёрии амалии худро мерасонид, ба ҳудуди қитъаи замини мо об, барқ гузаронида шуд ва роҳ бурда шуд. Барои гирифтани раводид ба мутахассисоне, ки мо аз хориҷа даъват менамудем, имкониятҳо фароҳам меовард.
Чунин дастгирии Маъмурияти МОИ «Данғара» буд, ки дар як муддати кутоҳ мо корхонаи маводҳои шустушўиро дар минтақа бунёд намудем ва моҳи марти соли 2014 корхонаи мо бо таври расмӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кушода шуд.
Мехоҳед маълумоти бештаре пайдо намоед? Ба мо суол пешниҳод намоед ва мо дар муддати кутоҳтарин ба он посух хоҳем дод.
-
Ҷумҳурии Точикистон, Вилояти Хатлон, ноҳияи Данғара, Меҳвар, ҷамоати деҳоти Лоҳур, МОИ "Данғара"
-
Тел: +992 908-08-5020; +992 904086363
-
-
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. И.Сомонӣ, куч. Дустии Халқҳо - 94
-
Тел: +(992) 985-04-0905; +(992) 907-96-2800
-


Русский
English











