ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ ХАДАМОТИ ГУМРУКИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РОҲБАРИЯТ ВА СУБЪЕКТҲОИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА»

Санаи 18 марти соли 2026 дар Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» вохӯрии кории намояндагони Хадамоти гумруки вилояти Хатлон бо Роҳбари Маъмурият, роҳбарон ва кормандони субъектҳои ҳудуди минтақа баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои муҳими марбут ба фаъолияти гумрукӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, соддагардонии расмиёти гумрукӣ, инчунин истифодаи самараноки имконияту имтиёзҳои пешбинигардида дар минтақа мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Зимни муҳокима ҷонибҳо ба масъалаҳои дастгирии ҳамаҷонибаи субъектҳо, таъмини шаффофият дар фаъолияти гумрукӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории судманд таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Ҳамзамон, иштирокдорон доир ба мушкилоту монеаҳои ҷойдошта ибрози андеша намуда, ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳалли саривақтии онҳо ва пешгирии ҳолатҳои монеасоз дар фаъолияти иқтисодӣ таклифҳои мушаххас пешниҳод карданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ таъкид гардид, ки ҳамкории зичи байни Хадамоти гумрук ва Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, рушди фаъолияти истеҳсолӣ ва баланд бардоштани иқтидори иқтисодии минтақа мусоидат хоҳад намуд.



Leave a Reply