ВОХӮРИИ РОҲБАРИ МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ ,,ДАНҒАРА” БО САРМОЯГУЗОРОНИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН

Санаи 16 ноябри соли 2025 Роҳбари Маъмурият бо ду гурӯҳи сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрии корӣ анҷом дод. Дар ҷараёни мулоқот, ҷонибҳо оид ба имкониятҳои мавҷудаи сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шароити мусоиди фаъолнокии соҳибкорӣ, инфрасохтори рушдёбанда ва маҷмӯи дастгириву имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сармоягузорони хориҷӣ табодули назар намуданд.

Роҳбари Маъмурият таъкид кард, ки Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳои иқтисодиву сармоягузорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин аҳамияти хосса дода, омода аст барои амалӣ гардидани лоиҳаҳои муштарак тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварад. Зимни вохӯрӣ самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, технологияҳои муосир ва сайёҳӣ баррасӣ гардида, ба сармоягузорон имкониятҳои воқеии иқтисодии кишвар муфассал шарҳ дода шуданд.

Сармоягузорони чинӣ аз шароити мусоид, суботи макроиқтисодӣ ва сиёсати дарҳои боз, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегардад, изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки дарозмуддат баён доштанд.

Дар анҷоми мулоқот тарафҳо изҳори умед намуданд, ки ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни ду кишвар минбаъд боз ҳам таҳким ёфта, ба рушди устувори иҷтимоию иқтисодии ҳарду ҷониб мусоидат менамояд.



Leave a Reply