МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА» — БЕҲТАРИН МИНТАҚА ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН» ЭЪТИРОФ ГАРДИД

21 октябри соли 2026 бо ташаббуси Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» баргузор гардид. Аз рӯйи натиҷаҳои озмун Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ҳамчун беҳтарин минтақа эътироф гардид.

Ин дастоварди назаррас аз эътирофи фаъолияти самараноки Маъмурият ва саҳми он дар рушди иқтидори содиротии кишвар, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузориҳои ватаниву хориҷӣ шаҳодат медиҳад.
Эътироф гардидани Маъмурият ҳамчун беҳтарин минтақа натиҷаи фаъолияти пайваста дар самти рушди соҳибкорӣ, таҳкими иқтидори истеҳсолӣ, густариши ҳамкориҳои иқтисодии байналмилалӣ ва мусоидат ба содироти маҳсулоти ватанӣ ба бозорҳои хориҷӣ мебошад.
Ин дастоварди муҳим дар заминаи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти иқтидори содиротӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ равона гардидааст, аҳаммияти хосса дорад.
Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» минбаъд низ тамоми имкониятҳои мавҷударо барои ҷалби сармоягузориҳои ватаниву хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва содирот, инчунин саҳмгузорӣ дар рушди устувори иқтисоди миллӣ равона хоҳад кард.



Leave a Reply