- Friday September 25th, 2026
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
25 сентябри соли 2026 сармоягузорони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ташриф оварданд.
Меҳмононро дар даромадгоҳи Минтақа Роҳбари Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» Собирзода Ҷамшед Абдусаид самимона истиқбол намуда, онҳоро бо фаъолияти Минтақа ва имкониятҳои мавҷуда барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ шинос намуд.
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
Дар идомаи ташриф меҳмонон аз як қатор корхонаҳои истеҳсолии дар ҳудуди Минтақа фаъолияткунанда боздид карда, бо раванди истеҳсолот, иқтидорҳои истеҳсолӣ, имкониятҳои рушди корхонаҳо ва инфрасохтори мавҷуда аз наздик шинос шуданд.
Сипас, дар маҷлисгоҳи Маъмурияти Минтақа мулоқоти корӣ миёни роҳбарияти МОИ «Данғара» ва сармоягузорони Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид.
Дар оғози мулоқот Роҳбари Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» Собирзода Ҷамшед Абдусаид меҳмононро самимона хуш омадед гуфта, таъкид намуд, ки муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ ва ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон бар пояи пайвандҳои амиқи таърихӣ, забонӣ, фарҳангӣ ва арзишҳои муштараки ду миллати ҳамзабон ва ҳамфарҳанг қарор доранд.
Роҳбари Маъмурият зикр намуд, ки таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвар бо сиёсати созанда ва муносибатҳои неку самимии роҳбарони ду давлат — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён — пайваста рушд ва густариш меёбанд.
Таъкид гардид, ки пайвандҳои таърихию фарҳангӣ ва забонии ду миллати бародар барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки истеҳсолӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Дар идомаи мулоқот Роҳбари Маъмурияти МОИ «Данғара» меҳмононро бо имкониятҳои сармоягузорӣ дар Минтақа шинос намуда, таъкид кард, ки барои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нави истеҳсолӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Аз ҷумла, ба сармоягузорон оид ба имтиёзҳои андозию гумрукӣ, инфрасохтори мавҷуда, таъминоти барқ, роҳҳои нақлиётӣ, қитъаҳои замини барои татбиқи лоиҳаҳо пешбинишуда ва дигар имкониятҳои мавҷуда маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Зикр карда шуд, ки МОИ «Данғара» бо дарназардошти мавқеи мусоиди ҷуғрофӣ, имкониятҳои инфрасохторӣ ва шароити фароҳамгардида барои татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ, рушди истеҳсолоти муосир ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди иқтисодӣ имкониятҳои васеъ дорад.
Ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҷалби сармоягузорӣ, рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, истифодаи имкониятҳои мавҷудаи Минтақа ва татбиқи лоиҳаҳои нави истеҳсолиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар рафти мулоқот сармоягузорони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имкониятҳои сармоягузорӣ дар МОИ «Данғара» таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, омодагии худро барои баррасии самтҳои мушаххаси ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак баён намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо изҳори умедворӣ намуданд, ки чунин боздидҳо ва вохӯриҳои корӣ ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва бародаронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, густариши робитаҳои байни доираҳои соҳибкории ду кишвар, ҷалби сармоягузориҳои нав ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки иқтисодию истеҳсолӣ мусоидат хоҳанд кард.
Ташрифи мазкур қадами муҳим дар роҳи таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузорӣ ва истифодаи имкониятҳои мавҷуда барои рушди муносибатҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳисоб меравад.


Русский
English


