ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОН АЗ ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН БА МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА»

Дар доираи сиёсати созанда ва дурнамои рушди иқтисодии кишвар, ки бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, фароҳам овардани имкониятҳои васеи сармоягузорӣ ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодии байналмилалӣ равона гардидааст, барои сармоягузорон шароити мусоид ва имкониятҳои васеи фаъолияти иқтисодӣ фароҳам оварда мешаванд.

Муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягӣ ва ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, ки бар пояи эҳтироми мутақобила ва манфиатҳои муштарак рушд меёбанд, барои густариши робитаҳои иқтисодию сармоягузорӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
22 сентябри соли 2026 роҳбари Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» Собирзода Ҷамшед Абдусаид сармоягузорон аз Ҷумҳурии Қирғизистонро ба ҳузур пазируфт.
Зимни ташриф сармоягузорон бо иқтидорҳои истеҳсолӣ ва фаъолияти корхонаҳои ҳудуди минтақа аз наздик шинос гардида, дар мулоқоти корӣ масъалаҳои вобаста ба имкониятҳои сармоягузорӣ, имтиёзҳо ва дастгириҳои давлатӣ, инфрасохтори муҳандисӣ ва шароити мусоиди фаъолияти соҳибкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ба саволҳои пешниҳоднамудаи сармоягузорон посухҳои мушаххас дода шуда, омодагии Маъмурияти МОИ «Данғара» барои дастгирии ташаббусҳои сармоягузорӣ, рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ таъкид гардид.
Ташрифи мазкур қадами муҳим дар самти таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва сармоягузории ду кишвар буда, барои тавсеаи ҳамкориҳои судманд миёни доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон заминаи мусоид фароҳам меорад.



Leave a Reply