- Monday September 21st, 2026
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
21 сентябри соли 2026 мулоқоти кории онлайн миёни роҳбари Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» Собирзода Ҷамшед Абдусаид ва роҳбари Минтақаи озоди иқтисодии «Гомель-Ратон»-и Ҷумҳурии Беларус Привалов Владимир Александрович баргузор гардид.
![]() |
![]() |
Дар оғози мулоқот Собирзода Ҷамшед Абдусаид таъкид намуд, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои созанда миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус, ки бо дастгирии роҳбарияти олии ду кишвар пайваста таҳким меёбанд, барои густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд. Дар ин замина, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди фаъолияти сармоягузорӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши робитаҳои тиҷоративу сармоягузорӣ ва таҳкими ҳамкориҳо миёни ду минтақаи озоди иқтисодиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Аз ҷумла, масъалаҳои рушди ҳамкориҳои логистикӣ, истифодаи имкониятҳои мавҷуда барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд, инчунин табодули таҷриба дар самти фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо иқтидори мавҷудаи ду минтақаи озоди иқтисодиро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои нав, ҷалби сармоя ва рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ муҳим арзёбӣ намуда, омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд баён намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколамаи мунтазам, таҳкими робитаҳои корӣ ва мусоидат ба татбиқи ташаббусҳои муштарак иброз намуданд.


Русский
English
