ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ ДАФТАРИ МИНТАҚАВИИ БАРНОМАИ МУСОИДАТ БА ИДОРАКУНИИ САРҲАДОТ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ (БОМКА 11) БА МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА»

19 сентябри соли 2026 ба Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» намояндагони Дафтари минтақавии Барномаи мусоидат ба идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА 11) таҳти роҳбарии мушовир оид ба рушди бахши хусусии Барномаи БОМКА 11 Георгий Хиштовани ташриф оварданд.

Меҳмононро роҳбарияти Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дар маҷлисгоҳи Маъмурият ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни вохӯрӣ ба ҳайати меҳмонон оид ба фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», имкониятҳои сармоягузорӣ, имтиёзҳои пешбинигардида, инфрасохтори истеҳсолӣ ва шароити мусоид барои фаъолияти субъектҳои минтақа муаррифии муфассал пешниҳод гардид.
Дар идомаи ташриф ҳайати меҳмонон аз як қатор субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», аз ҷумла ҶДММ «Ғаюр Саноат», ҶДММ «Ауфен», ҶДММ «Грин Голд», ҶДММ «Шенсӣ» ва ҶДММ «Техно Полоиш» боздид намуда, бо фаъолияти истеҳсолӣ, иқтидорҳои мавҷуда ва имкониятҳои рушди корхонаҳо аз наздик шинос шуданд.
Ташрифи мазкур ба таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд, табодули таҷриба ва шиносоӣ бо имкониятҳои мавҷудаи рушди бахши хусусӣ ва истеҳсолоти саноатӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» мусоидат намуд.



Leave a Reply