- Saturday September 19th, 2026
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати густариши ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузорӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ бо кишварҳои минтақа, 19 сентябри соли 2026 гурӯҳи сармоягузорон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои сармоягузорӣ, иқтидорҳои истеҳсолӣ ва шароити фаъолияти соҳибкорӣ ба Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ташриф оварданд.
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
Зимни мулоқот ба меҳмонон оид ба имкониятҳои сармоягузорӣ, имтиёзу афзалиятҳои барои субъектҳои минтақа пешбинишуда, инфрасохтори истеҳсолию муҳандисӣ ва самтҳои афзалиятноки рушди фаъолияти иқтисодӣ дар МОИ «Данғара» маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақим, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро баррасӣ намуда, оид ба истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷудаи минтақа ва роҳандозии ташаббусҳои нави соҳибкорӣ табодули афкор намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамчун кишварҳои ҳамсоя, дӯст ва бародар дорои робитаҳои таърихию фарҳангии муштарак буда, рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат ва сармоягузорӣ ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба мусоидат менамояд.
Маъмурияти МОИ «Данғара» дар доираи сиёсати созанда ва дурбинонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорон, рушди истеҳсолоти саноатӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалии иқтисодӣ тадбирҳои пайвастаро амалӣ менамояд.
Ташрифи мазкур барои таҳкими робитаҳои иқтисодию сармоягузорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва рушди ҳамкориҳои дарозмуддат заминаи мусоид фароҳам оварда, ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстонаю бародаронаи ду кишвари ҳамсоя мусоидат менамояд.


Русский
English


