ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОН АЗ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН БА МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА»

18 сентябри соли 2026 сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои сармоягузорӣ, иқтидорҳои истеҳсолӣ ва шароити фаъолияти соҳибкорӣ ба Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ташриф оварданд.

Зимни вохӯрӣ ба меҳмонон оид ба имкониятҳои сармоягузорӣ, имтиёзу афзалиятҳои барои субъектҳои минтақа пешбинишуда, вазъи инфрасохтори истеҳсолӣ ва самтҳои афзалиятноки рушди фаъолияти иқтисодӣ дар МОИ «Данғара» маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузорӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои нави истеҳсолӣ ва роҳандозии ҳамкориҳои муштаракро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷудаи минтақа табодули назар намуданд.
Маъмурияти МОИ «Данғара» дар доираи сиёсати созанда ва дурбинонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорон, густариши ҳамкориҳои байналмилалии иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нави истеҳсолӣ тадбирҳои пайвастаро амалӣ менамояд.
Ташрифи мазкур барои таҳкими робитаҳои иқтисодию сармоягузорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, инчунин тавсеаи ҳамкориҳои судманд ва дарозмуддат дар самти сармоягузорӣ ва истеҳсолоти саноатӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.



Leave a Reply