ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОН АЗ ҶУМҲУРИИ ҲИНДУСТОН БА МОИ «ДАНҒАРА»

Дар доираи сиёсати созанда ва дурбинонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷию ватанӣ, рушди истеҳсолоти рақобатпазир ва густариши ҳамкориҳои иқтисодии байналмилалӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар тадбирҳои пайваста амалӣ мегарданд.

17 сентябри соли 2026 ҳайати сармоягузорон аз Ҷумҳурии Ҳиндустон ба минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ташриф овард.
Роҳбари Маъмурияти МОИ «Данғара» Собирзода Ҷамшед Абдусаид меҳмононро қабул намуда, онҳоро бо имкониятҳои сармоягузорӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти минтақа шинос кард. Сармоягузорон инчунин аз як қатор корхонаҳои истеҳсолии ҳудуди минтақа боздид намуда, бо раванди истеҳсолот ва инфрасохтори мавҷуда шинос шуданд.
Дар маҷлисгоҳи Маъмурият муаррифии имкониятҳои сармоягузории МОИ «Данғара» баргузор гардида, масъалаҳои марбут ба шароити фаъолияти сармоягузорон, имкониятҳои татбиқи лоиҳаҳои истеҳсолӣ ва рушди ҳамкориҳои минбаъда баррасӣ шуданд. Меҳмонон ба саволҳои худ посухҳои зарурӣ гирифта, доир ба самтҳои эҳтимолии ҳамкорӣ табодули назар намуданд.
Ташрифи мазкур барои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Ҳиндустон, ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ва фароҳам овардани замина барои татбиқи лоиҳаҳои нави истеҳсолӣ аҳамияти муҳим дорад.



Leave a Reply