ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ БА МАЪМУРИЯТИ МОИ «ДАНҒАРА»

Бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷию ватанӣ, рушди истеҳсолот ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодии байналмилалӣ, Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ба фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорон ва татбиқи лоиҳаҳои нави истеҳсолӣ таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд.
15 сентябри соли 2026 сармоягузорон аз Федератсияи Россия бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои сармоягузорӣ ба Маъмурияти МОИ «Данғара» ташриф овард.
Меҳмононро роҳбари Маъмурият Собирзода Ҷамшед Абдусаид қабул намуда, нахуст бо фаъолияти ширкатҳои истеҳсолии ҳудуди минтақа шинос намуд. Сипас, дар маҷлисгоҳи Маъмурият доир ба имкониятҳои васеи МОИ «Данғара» барои татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ маълумот пешниҳод гардид.

Зимни мулоқот ба шароити мусоиди сармоягузорӣ, имтиёзҳои андозию гумрукӣ, мавҷудияти қитъаҳои замини мувофиқ, таъминоти устувори неруи барқ, инфрасохтори зарурӣ ва имкониятҳои роҳандозии корхонаҳои нави истеҳсолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Ҷонибҳо масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳои минбаъдаи сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро баррасӣ намуда, омодагии худро барои идомаи муколамаи созанда ва рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ иброз доштанд.
Маъмурияти МОИ «Данғара» дар доираи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат минбаъд низ барои ҷалби сармоя, рушди истеҳсолоти рақобатпазир ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ фаъолияти худро тақвият хоҳад дод.



Leave a Reply