- Friday September 11th, 2026
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
Дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷалби сармояи хориҷӣ ва дохилӣ, рушди истеҳсолоти ватанӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, дар Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.
11 сентябри соли 2026 дар Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» маросими супоридани шаҳодатномаи субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ ба роҳбари ҶДММ «Ширкати Ситораи Нав» баргузор гардид.
![]() |
![]() |
Шаҳодатномаи субъекти МОИ «Данғара»-ро роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» Собирзода Ҷамшед Абдусаид ба роҳбари ширкати мазкур Ян Тао, шаҳрванди Ҷумҳурии Халқии Хитой, дар фазои тантанавӣ супорид.
ҶДММ «Ширкати Ситораи Нав» бо мақсади роҳандозии фаъолияти истеҳсолӣ дар ҳудуди МОИ «Данғара» таъсис дода шуда, самти асосии фаъолияти он истеҳсоли маҳсулоти бовандагӣ ва масолеҳи пластикӣ мебошад. Фаъолияти чунин корхонаҳо барои рушди истеҳсолоти саноатӣ, таҳкими заминаи истеҳсолии минтақа ва таъмини субъектҳои МОИ бо маҳсулоти зарурӣ аҳамияти муҳим дорад.
Зимни мулоқот роҳбари Маъмурияти МОИ «Данғара» Собирзода Ҷамшед Абдусаид ба сармоягузор барои интихоби МОИ «Данғара» ҷиҳати татбиқи фаъолияти соҳибкорӣ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки Маъмурияти минтақа дар доираи талаботи қонунгузорӣ барои фароҳам овардани шароити мусоид, дастгирии ташаббусҳои сармоягузорӣ ва рушди минбаъдаи фаъолияти истеҳсолии ширкат мусоидат менамояд.
Дар навбати худ, роҳбари ҶДММ «Ширкати Ситораи Нав» Ян Тао омодагии худро барои ба роҳ мондани фаъолияти истеҳсолӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷудаи МОИ «Данғара» иброз намуд.
Таъсиси субъекти нави хоҷагидорӣ дар ҳудуди Минтақа қадами дигар дар самти густариши ҳамкориҳои сармоягузорӣ, рушди истеҳсолоти саноатӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба МОИ «Данғара» арзёбӣ мегардад.
Маъмурияти МОИ «Данғара» минбаъд низ дар доираи сиёсати созанда ва дурбинонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои нави истеҳсолӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти субъектҳои минтақа тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.


Русский
English
