ҶАЛАСАИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА»

8 сентябри соли 2026 дар маҷлисгоҳи Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинии тантанавӣ муовини раиси ноҳияи Данғара ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара, роҳбарият ва кормандони Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», инчунин роҳбарон ва намояндагони субъектҳои минтақа иштирок намуданд.
Ҷаласаи тантанавиро Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» Собирзода Ҷамшед Абдусаид оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуд.
Дар суханронии худ Роҳбари Маъмурият таъкид намуд, ки Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон неъмати бузург, рукни асосии давлатдорӣ ва заминаи устувори рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ба ҳисоб меравад. Маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи мустақили рушди худро интихоб намуда, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол, сулҳпарвар ва ташаббускор мавқеи арзандаи худро пайдо кардааст.
Зикр гардид, ки таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу субот ва фароҳам овардани фазои созандаву устувори имрӯзаи кишвар ба хизматҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад.
Дар солҳои барои миллату давлат ҳассосу тақдирсоз маҳз бо сиёсати хирадмандона, дурандешона ва созандаи Пешвои миллат дар кишвар сулҳу ваҳдати миллӣ барқарор гардида, пояҳои давлатдории миллӣ таҳким ёфтанд. Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ҳамчун ду дастоварди бузурги таърихии миллати тоҷик барои таҳкими сулҳу субот, рушди устувори иқтисодӣ, пешрафти иҷтимоӣ ва ободии Ватани азизамон заминаи боэътимод фароҳам оварданд.

Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки имрӯз таҳти сиёсати созанда ва дурбинонаи роҳбарияти олии мамлакат дар тамоми гӯшаву канори кишвар корҳои бузурги созандагиву бунёдкорӣ амалӣ гардида, барои рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти иқтидори истеҳсолӣ, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар ин замина, Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ҳамчун яке аз майдонҳои муҳими иқтисодию истеҳсолии кишвар дар татбиқи сиёсати иқтисодии давлат, рушди истеҳсолот, ҷалби сармоягузорӣ, ташкили корхонаҳои нави саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат саҳми арзанда мегузорад.
Сипас, муовини раиси ноҳияи Данғара ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара суханронӣ намуда, роҳбарият ва кормандони Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»-ро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик буда, маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди босуботи кишвар, таҳкими давлатдорӣ, баланд гардидани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи мардум заминаҳои устувор гузошта шудаанд.
Ҳамзамон, саҳми Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», кормандони он ва субъектҳои минтақа дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, татбиқи ҳадафҳои созанда ва таҳкими иқтидори истеҳсолии минтақа таъкид гардид.
Дар идомаи чорабинӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади қадрдонии хизматҳои арзанда ва саҳми муносиб дар фаъолияти меҳнатӣ ва ҷамъиятӣ, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» Собирзода Ҷамшед Абдусаид бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуд.
Ҳамчунин, аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ва як қатор кормандони Маъмурият бо Ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Дар навбати худ, аз ҷониби Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти самараноки меҳнатӣ, иҷрои софдилона ва босифати вазифаҳои хизматӣ, саҳми арзанда дар рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақа ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятиву созандагӣ, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара, як қатор кормандони Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ва роҳбарони як қатор субъектҳои минтақа бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳои Маъмурият сарфароз гардонида шуданд.
Ин қадрдонӣ ҳамчун рамзи эҳтиром ба меҳнати софдилона, ҳамкории судманд ва саҳми арзандаи онҳо дар рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақа ва таҳкими фазои созанда дар ҷомеа арзёбӣ гардид.
Дар фарҷоми ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирокчиён барномаи фарҳангиву консертии идона пешкаш карда шуд. Барномаи идона, ки аз сурудҳои ватандӯстона ва асарҳои фарҳангӣ иборат буд, ба чорабинӣ шукӯҳу шаҳомати хос бахшида, фазои идона ва рӯҳияи баланди ватандӯстиву ифтихори миллии ҳозиринро боз ҳам боло бурд.
Ҷаласаи тантанавӣ дар фазои баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ ва эҳсоси самимии садоқат ба Ватан баргузор гардида, бори дигар собит намуд, ки Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ заминаи асосии сулҳу субот, рушди устувор ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон поянда, сулҳу ваҳдати миллӣ ҷовидон, Тоҷикистони соҳибистиқлол ободу осуда ва мардуми шарифи он ҳамеша сарбаланду хушбахт бошанд!



Leave a Reply