ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОН АЗ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ БА МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА»

Бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати густариши ҳамкориҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҷалби сармояи хориҷию ватанӣ, 2 сентябри соли 2026 сармоягузорон аз Федератсияи Россия ба Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ташриф оварданд.

Меҳмононро роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» Собирзода Ҷамшед Абдусаид қабул намуда, дар мулоқот имкониятҳои васеи сармоягузорӣ ва бартариҳои рақобатпазири минтақа муаррифӣ гардиданд.
Ба сармоягузорон оид ба имтиёзҳои андозию гумрукӣ, имкониятҳои истифодаи қитъаҳои замин, инфрасохтори муосир, таъминоти неруи барқ ва дигар шароити мусоид барои роҳандозии фаъолияти соҳибкорӣ маълумоти зарурӣ пешниҳод карда шуд.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» барои татбиқи лоиҳаҳои нави истеҳсолӣ, рушди корхонаҳои саноатӣ ва ҷалби сармоягузориҳои дарозмуддат имкониятҳои мусоид фароҳам оварда, омодаи густариши ҳамкориҳои судманд бо сармоягузорони хориҷӣ мебошад.
Ташрифи мазкур қадами муҳим дар таҳкими робитаҳои иқтисодию сармоягузорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ва татбиқи лоиҳаҳои нави муштарак арзёбӣ гардид.



Leave a Reply