ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН БА МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА»

30 августи соли 2026 сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ташриф оварданд.
Зимни вохӯрӣ роҳбари Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» Собирзода Ҷамшед Абдусаид сармоягузорони чиниро қабул намуда, ба онҳо оид ба имкониятҳои мусоиди сармоягузорӣ, имтиёзҳои андозию гумрукӣ, инфрасохтори муосир, инчунин тартиби ҳуҷҷатгузорӣ ва марҳилаҳои оғози фаъолияти соҳибкорӣ дар ҳудуди минтақа маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Сипас, сармоягузорон аз иншооти тақсимоти неруи барқ, ки бо ҷалби сармояи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» бунёд гардидааст, боздид намуда, бо имкониятҳои таъминоти неруи барқ ва инфрасохтори энергетикии минтақа шинос шуданд.
Ташрифи мазкур барои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, густариши муносибатҳои соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» заминаи мусоид фароҳам меорад.



Leave a Reply