ИФТИТОҲИ СЕ КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ ДАР МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА» БО ТАВРИ ФОСИЛАВӢ АЗ ҶОНИБИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

26 августи соли 2026 дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, се корхонаи нави саноатӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» бо иштироки фосилавии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуданд.
Корхонаҳои нав — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Грин Голд» оид ба истеҳсоли равғани зағир, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Саноати бомпӯшҳои Данғара» оид ба истеҳсоли шифер ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сангвор саноат» оид ба истеҳсоли хишт ва пеноблок — бо татбиқи иқтидорҳои нави истеҳсолӣ дар таҳкими заминаҳои саноатӣ, рушди соҳибкорӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Ифтитоҳи фосилавии се корхонаи нави саноатӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», соҳибкорон ва субъектҳои минтақа рӯйдоди муҳим ба ҳисоб рафта, бозгӯи таваҷҷуҳи доимӣ ва дастгирии пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат ба рушди истеҳсолоти саноатӣ, фаъолияти соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва истифодаи имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ мебошад.
Дар се корхонаи нави саноатӣ дар маҷмӯъ 45 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуда, истеҳсоли маҳсулоти гуногуни саноатӣ ба роҳ монда шудааст.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Грин Голд», ки бо ҷалби сармояи ватанӣ таъсис ёфтааст, ба истеҳсоли равғани зағир машғул буда, иқтидори истеҳсолии он дар як сол 100 тонна равғани зағир мебошад. Дар корхона 10 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.
Фаъолияти ҶДММ «Грин Голд» ба коркарди ашёи хоми кишоварзӣ ва истеҳсоли маҳсулоти тайёри дорои арзиши иловашуда равона гардида, дар рушди саноати коркард, истифодаи самараноки ашёи хоми ватанӣ ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир саҳми муҳим мегузорад.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Саноати бомпӯшҳои Данғара», ки бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд гардидааст, дорои иқтидори истеҳсоли 5 миллион дона шифер дар як сол мебошад. Корхона дар масоҳати 1 гектар ҷойгир буда, дар он 15 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Фаъолияти корхона ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонии ватанӣ равона гардида, ба рушди соҳаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, коҳиш додани вобастагӣ аз маҳсулоти воридотӣ ва қонеъ гардонидани талаботи бозори дохилӣ мусоидат менамояд.
Ҳамзамон, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сангвор саноат» ба истеҳсоли хишт ва пеноблок машғул буда, иқтидори умумии истеҳсолии он дар як сол 10 миллион дона хишт аз 5 номгӯй мебошад. Дар корхона 20 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.
Корхона бо истифода аз технологияҳои муосир истеҳсоли маҳсулоти босифати сохтмониро ба роҳ монда, дар таъмини бозори дохилӣ бо масолеҳи сохтмонии ватанӣ, қонеъ гардонидани талаботи рӯзафзуни бозор ва дастгирии раванди созандагию бунёдкорӣ саҳми назаррас мегузорад.
Имрӯз Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ба яке аз майдонҳои муҳими рушди фаъолияти соҳибкорӣ, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва густариши истеҳсолоти саноатӣ табдил ёфта, барои татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ ва рушди иқтидорҳои истеҳсолӣ имкониятҳои мусоид фароҳам овардааст.
Айни ҳол дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» 41 субъекти хоҷагидорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 15 субъект ба фаъолияти истеҳсолӣ ва 5 субъект ба фаъолияти хизматрасонӣ машғул буда, субъектҳои боқимонда дар марҳилаҳои ҳуҷҷатгузорӣ, лоиҳакашӣ ва сохтмон қарор доранд.
Танҳо дар 7 моҳи соли 2026 ба Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» 90 миллион сомонӣ сармоя ҷалб гардида, 140 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.
Нишондиҳандаҳои мазкур аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар заминаи сиёсати созандаву дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии соҳибкорону сармоягузорон ва фароҳам овардани шароити мусоиди ҳуқуқию иқтисодӣ, фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» пайваста рушд ёфта, иқтидори истеҳсолии он сол ба сол афзоиш меёбад.
Бо таваҷҷуҳи хосса ба рушди саноат ва соҳибкорӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, истифодаи технологияҳои муосир, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва рушди соҳибкорӣ аз омилҳои муҳими таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ба ҳисоб мераванд.
Ифтитоҳи се корхонаи нави саноатӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» бо иштироки фосилавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадами муҳим дар самти таҳкими иқтидори истеҳсолии минтақа, рушди саноати миллӣ, ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла саноатикунонии босуръати кишвар, ба ҳисоб меравад.
Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» бо такя ба сиёсати созанда ва дастгирии пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти субъектҳои минтақа, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои нави истеҳсолӣ, рушди соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши иқтидори иқтисодию истеҳсолии кишвар фаъолияти худро вусъат хоҳад бахшид.
Ифтитоҳи се корхонаи нави саноатӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» боз як далели равшани татбиқи сиёсати саноатикунонии босуръати кишвар ва таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди истеҳсолоти ватанӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти сармоягузорон мебошад.



Leave a Reply