- Saturday August 22nd, 2026
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
22 августи соли 2026 ҳайати сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузорӣ ва шиносоӣ бо имкониятҳои нави ҳамкорӣ ба Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ташриф оварданд.
![]() |
![]() |
Меҳмононро роҳбари Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» Собирзода Ҷамшед Абдусаид истиқбол намуда, ба ҳайати сармоягузорон имкониятҳои иқтисодию истеҳсолӣ, иқтидори сармоягузорӣ, инфрасохтори мавҷуда ва самтҳои афзалиятноки рушди минтақа муаррифӣ карда шуд.
Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки таҳти сиёсати созанда ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалби сармояи хориҷӣ, рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти сармоягузорон аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии кишвар ба ҳисоб мераванд.
Ба сармоягузорони чинӣ оид ба имтиёзҳои андозию гумрукӣ, инфрасохтори муосир, имкониятҳои истеҳсолӣ, энергетикӣ ва иқтидори содиротии Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкории стратегӣ ва робитаҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин заминаи устувор барои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки истеҳсолӣ фароҳам овардаанд.
Дар ҷараёни боздид масъалаҳои марбут ба ҷалби сармоя, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ, истифодаи имкониятҳои мавҷудаи минтақа ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки дорои аҳамияти иқтисодӣ баррасӣ гардиданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколамаи созанда ва таҳкими ҳамкориҳои сармоягузорӣ баён намуда, изҳори умед карданд, ки чунин ташрифҳо ба рушди минбаъдаи муносибатҳои иқтисодии ду кишвар ва татбиқи ташаббусҳои нави сармоягузорӣ мусоидат хоҳанд кард.
Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»


Русский
English
