ТАБРИКОТИ РОҲБАРИ МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА» СОБИРЗОДА ҶАМШЕД АБДУСАИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ТАБИБОН

Муҳтарам табибон, кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ!
Бо эҳсоси баланди эҳтиром ва самимият Шумо — намояндагони касби муқаддас, масъулиятнок ва инсонпарварро ба муносибати Рӯзи табибон, ки ҳамасола 18 август таҷлил мегардад, самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо барои хизмати содиқона ва саҳми арзандаатон дар ҳифзи саломатии инсон сипосу эҳтироми самимӣ баён менамоям.
Табибӣ аз ҷумлаи касбҳоест, ки дар он масъулият барои ҳаёт ва саломатии инсон бо меҳру муҳаббат ба инсон, донишу таҷрибаи касбӣ, садоқат ба вазифа ва эҳсоси баланди масъулияти шаҳрвандӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Табиб дар лаҳзаҳои душвортарини зиндагӣ дар паҳлуи инсон қарор гирифта, бо сухани умедбахш, дониши касбӣ ва маҳорати баланди худ ба бемор неруи зиндагӣ ва боварӣ ба фардоро мебахшад.
Имрӯз дар кишвари соҳибистиқлоли мо ба рушди соҳаи тандурустӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, омодасозии мутахассисони баландихтисос, пешгирии бемориҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳифзи саломатии аҳолӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.
Дар ин раванд саҳми табибон, ҳамшираҳои шафқат, кормандони миёна ва хурди тиббӣ, дорусозон, кормандони соҳаҳои ташхису табобат ва дигар мутахассисони тандурустӣ ниҳоят арзишманд мебошад.
Меҳнати Шумо меҳнати одӣ нест. Он шабу рӯз, сабру таҳаммул, масъулияти бузург, дониши пайваста такмилёбанда ва омодагии ҳамешагӣ барои наҷоти ҷони инсонро тақозо менамояд. Ҳар як ҷони наҷотёфта, ҳар як бемори шифоёфта ва ҳар як табассуми дубораи инсон пас аз беморӣ натиҷаи заҳмату садоқати Шумо ва далели бузургии касби табибӣ мебошад.
Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш, ба кулли табибон ва кормандони соҳаи тандурустӣ барои меҳнати софдилона, фаъолияти пурмасъулият, садоқат ба касби интихобкарда ва хизмати беғаразона дар роҳи ҳифзи саломатии мардум изҳори сипосу эҳтироми самимӣ менамоям.
Боварӣ дорам, ки Шумо минбаъд низ бо истифода аз таҷрибаи ғанӣ, донишу малакаи касбӣ, эҳсоси баланди масъулият ва муҳаббат ба инсон дар пешрафти соҳаи тандурустӣ ва таҳкими солимии ҷомеа саҳми арзандаи худро мегузоред.
Дар ин рӯзи муборак ба ҳамаи Шумо ва аҳли хонаводаатон тансиҳатии комил, умри пурбаракат, неруи тоза, хотири ҷамъ, рӯзгори ободу осуда, саодати хонаводагӣ ва дар фаъолияти пуршарафи касбӣ комёбиҳои пайваста орзу менамоям.
Бигзор заҳмати пуршарафи Шумо ҳамеша қадр гардад, меҳнати некатон самараи бештар диҳад ва номи неки ҳар як корманди соҳаи тандурустӣ ҳамчун рамзи инсонпарварӣ, садоқат ва хизмат ба мардум баланду ҷовидон бимонад.
Ба Шумо, табибони азиз, ки саломатии инсонро ҳифз намуда, ба мардум умед ва ба зиндагӣ неру мебахшед, дар роҳи пурифтихори касбӣ муваффақиятҳои бузург ва дастовардҳои нав ба нав орзумандам.
РӮЗИ ТАБИБОН МУБОРАК БОД!



Leave a Reply