МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА» — ҒОЛИБИ ОЗМУНИ «ТОП-35 ШИРКАТИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ»

Дар заминаи сиёсати созанда ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рушди соҳибкорӣ, дастгирии бахши хусусӣ, ҷалби сармоя ва фароҳам овардани муҳити мусоиди иқтисодию сармоягузорӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии давлат ба ҳисоб меравад.
Дар доираи ин сиёсати созанда, Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дар озмуни ҷумҳуриявии «ТОП-35 ширкати боэътимоди сол», ки бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, дар номинатсияи «Минтақаи озоди иқтисодӣ» ғолиб гардида, ба ҷойи намоён сазовор шуд.
Ин ғолибият барои Маъмурияти МОИ «Данғара» нишонаи эътимод, эътирофи фаъолияти самаранок ва қадршиносии саҳми минтақа дар рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва таҳкими иқтидори истеҳсолии кишвар мебошад.
Ҷоизаи мазкур дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ба Роҳбари Маъмурияти МОИ «Данғара» муҳтарам Собирзода Ҷамшед Абдусаид тақдим гардид.
Маъмурияти МОИ «Данғара» ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили чунин озмуни бонуфуз ва фароҳам овардани майдони арзёбии фаъолияти ширкату ташкилотҳои пешсаф изҳори сипоси самимӣ менамояд. Чунин иқдомҳо ба баланд бардоштани эътимод ба соҳибкорон, рушди рақобати солим, муаррифии дастовардҳои иқтисодӣ ва ҳавасмандгардонии фаъолияти созанда мусоидат мекунанд.
Ҳамзамон, Маъмурияти МОИ «Данғара» ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таваҷҷуҳ, дастгирӣ ва эътимоди пайваста ба рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, инчунин барои қадршиносии фаъолияти МОИ «Данғара» миннатдорӣ баён менамояд.
Ин дастовард барои коллективи Маъмурияти МОИ «Данғара» мояи ифтихор буда, ҳамзамон моро водор месозад, ки бо масъулияти бештар фаъолияти худро идома дода, дар роҳи ҷалби сармоя, рушди истеҳсолот, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии иқтисодии кишвар саҳми арзандаи худро гузорем.
Маъмурияти МОИ «Данғара» ҳамаи кормандон, субъектҳои минтақа, сармоягузорон, соҳибкорон ва шарикони худро ба муносибати ин дастоварди муҳим самимона табрик намуда, ба онҳо комёбиҳои нави иқтисодӣ ва фаъолияти боз ҳам пурсамар орзу менамояд.



Leave a Reply