- Wednesday July 29th, 2026
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
Дар доираи сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ, рушди саноатикунонии босуръати кишвар, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Энергияи нави шамоли», ки бо ҷалби сармояи Ҷумҳурии Мардумии Чин таъсис ёфтааст, Шаҳодатномаи субъекти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» бо тартиби муқарраргардида супорида шуд.
Ҷамъияти мазкур фаъолияти худро дар самти истеҳсол ва коркарди неруи барқи аз шамол ва офтоб ҳосилшаванда ба роҳ монда, ҳадафи он рушди энергетикаи «сабз», татбиқи технологияҳои муосир, ҷалби сармояи хориҷӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши иқтидори истеҳсолӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди устувори иқтисоди миллӣ мебошад.
Татбиқи ин лоиҳаи сармоягузорӣ ҳамчун намунаи ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баҳри таҳкими муносибатҳои иқтисодию сармоягузорӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта, рушди истеҳсолоти рақобатпазир ва татбиқи ҳадафи чоруми стратегии кишвар — саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон — мусоидати назаррас хоҳад намуд.
Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, минбаъд низ барои ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, дастгирии ташаббусҳои сармоягузорон ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисодию саноатӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.


Русский
English