ВОХӮРИИ ҲАЙАТИ САРМОЯГУЗОРОНИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН БО РОҲБАРИЯТИ МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА»

02 июли соли 2026 дар Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» вохӯрии роҳбари Маъмурият Собирзода Ҷамшед Абдусаид бо ҳайати сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву сармоягузорӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои нави истеҳсолӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷудаи минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Қайд гардид, ки бо сиёсати созанда ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва фаъолияти самараноки минтақаҳои озоди иқтисодӣ фазои мусоиди сармоягузорӣ муҳайё гардидааст. Ба меҳмонон дар бораи имтиёзҳои андозию гумрукӣ, инфрасохтори муҳайёшуда, кафолатҳои давлатӣ ва имкониятҳои васеи сармоягузорӣ маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ таъкид намуданд, ки муносибатҳои дӯстона, бародарона ва шарикии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки таҳти роҳбарии сарони ду давлати дӯст пайваста рушд меёбанд, имрӯз барои густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги муштарак заминаи устувор фароҳам овардаанд.
Дар анҷоми мулоқот масъалаи татбиқи лоиҳаи бунёди корхонаи истеҳсоли панелҳои офтобӣ дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои минбаъда ва амалисозии лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ изҳор намуданд.



Leave a Reply