- Wednesday July 1st, 2026
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
01 июли соли 2026 дар Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» роҳбари маъмурият Собирзода Ҷамшед Абдусаид ҳайати сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин аз музофоти Шэнсӣ-ро ба ҳузур пазируфт.
Зимни вохӯрӣ меҳмонон бо фаъолияти Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», самтҳои афзалиятноки сармоягузорӣ, имкониятҳои васеи истеҳсолӣ, қитъаҳои озоди замин, инфрасохтори мавҷуда, инчунин бо имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ, ки барои субъектҳои минтақа мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, аз наздик шинос карда шуданд.
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
Роҳбари маъмурият таъкид намуд, ки бо сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, рушди соҳибкорӣ, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ, афзоиши иқтидори содиротӣ ва муҳайё намудани фазои мусоиди сармоягузорӣ тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ фароҳам оварда шудаанд.
Қайд гардид, ки минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» бо ҷойгиршавии мусоиди ҷуғрофӣ, инфрасохтори рушдёбанда, кафолатҳои давлатии ҳифзи сармоя, имтиёзҳои назарраси андозию гумрукӣ ва дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз минтақаҳои ҷолиб барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба ҳисоб меравад.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ба бахшҳои истеҳсолӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузориро мавриди баррасӣ қарор дода, омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои судманд изҳор намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ сармоягузорон ба имкониятҳои фароҳамгардида дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, омодагии худро барои идомаи омӯзиши имкониятҳои сармоягузорӣ ва рушди ҳамкориҳои минбаъда бо Ҷумҳурии Тоҷикистон баён карданд.


Русский
English


