СУПОРИДАНИ ШАҲОДАТНОМАИ СУБЪЕКТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА» БА ҶДММ «СИПАРИ БИНО»

30 июни соли 2026 дар Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» маросими супоридани Шаҳодатномаи субъекти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ба намояндаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сипари Бино» баргузор гардид.

Дар ҷараёни маросим Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» Собирзода Ҷамшед Абдусаид Шаҳодатномаи субъекти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»-ро ба намояндаи ҶДММ «Сипари Бино» тақдим намуд.
Қобили зикр аст, ки ҶДММ «Сипари Бино» бо ҷалби сармояи Ҷумҳурии Мардумии Чин таъсис ёфта, фаъолияти худро дар самти фурӯши маҳсулоти сохтмони роҳ ба роҳ мемонад. Татбиқи лоиҳаҳои ширкат ба рушди инфрасохтор, беҳтар гардидани муҳити сармоягузорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва густариши ҳамкориҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин мусоидат хоҳад намуд.
Роҳбарияти Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» зимни мулоқот омодагии худро барои ҳамкории созанда ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати фаъолияти босамари сармоягузорон иброз намуда, таъкид кард, ки дастгирии соҳибкорону сармоягузорон яке аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии давлат ба ҳисоб меравад.
Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» минбаъд низ ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, рушди истеҳсолот, тавсеаи хизматрасонӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти иқтисоди миллӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.



Leave a Reply