СУПОРИДАНИ ШАҲОДАТНОМАИ СУБЪЕКТИ МОИ «ДАНҒАРА» БА ҶДММ «ШЭНСИ СЯНШЭН ИНДУСТРИАЛ ГРУП КО., ЛТД.»

Дар доираи татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ ва рушди фаъолияти истеҳсолӣ, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад, 22 июни соли 2026 дар Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» маросими супоридани Шаҳодатномаи субъекти минтақа баргузор гардид.

Зимни маросим Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» Собирзода Ҷамшед Абдусаид Шаҳодатномаи субъекти МОИ «Данғара»-ро ба роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шэнси Сяншэн Индустриал Груп Ко., Лтд.» тақдим намуд.
Зикр гардид, ки ширкати мазкур бо сармояи Ҷумҳурии Мардумии Чин таъсис ёфта, фаъолияти худро дар самти сохтмон ба роҳ мемонад. Татбиқи лоиҳаҳои ширкат барои рушди инфрасохтор, дастгирии фаъолияти субъектҳои минтақа, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таҳкими иқтидори иқтисодии МОИ «Данғара» аҳамияти муҳим дорад.
Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти сармоягузорон ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок ҳамкориҳои худро минбаъд низ густариш хоҳад дод.
Дар анҷоми маросим ба роҳбарияти ширкат дар татбиқи босамари лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти истеҳсолию сохтмонӣ комёбиҳои нав орзу карда шуд.



Leave a Reply