ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРӢ ВА РУШДИ ТОҶИКИСТОН

Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин ва муқаддастарин дастовардҳои таърихии халқи тоҷик ба шумор рафта, ҳамчун омили асосии таҳкими давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот ва рушди устувори ҷомеа аҳаммияти бузург дорад. Маҳз ба шарофати сулҳу ваҳдат Тоҷикистони соҳибистиқлол тавонист марҳилаи душвори таърихиро паси сар намуда, ба сӯи рушду пешрафт қадамҳои устувор гузорад.

27 июни соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар таърихи навини давлатдории тоҷикон саҳифаи тозае оғоз гардид. Ин рӯйдоди сарнавиштсоз ба муқовимати дохилӣ хотима бахшида, барои барқарор намудани сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди минбаъдаи кишвар заминаи мусоид фароҳам овард.

Маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот дар кишвар барқарор гардида, пояҳои давлатдории миллӣ таҳким ёфтанд. Пешвои миллат дар лаҳзаҳои ҳассосу сарнавиштсози таърихӣ масъулияти бузурги роҳбарии давлатро ба зимма гирифта, тамоми неру, дониш ва таҷрибаи худро барои ҳифзи истиқлолият, таъмини сулҳ, барқарорсозии сохторҳои давлатӣ ва муттаҳид намудани миллат равона намуданд.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон имрӯз ҳамчун намунаи нодири ҳалли мусолиматомези низоъҳо аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътироф гардидааст. Дар натиҷаи музокироти тӯлонӣ ва талошҳои пайвастаи роҳбарияти давлат сулҳу оромӣ дар кишвар таъмин шуда, садҳо ҳазор гурезагони иҷборӣ ба Ватан баргардонида шуданд ва шароити мусоид барои зиндагии осоиштаи мардум муҳайё гардид.

Ваҳдати миллӣ танҳо рамзи сарҷамъии миллат нест, балки заминаи воқеии рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мебошад. Дар фазои сулҳу субот Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа пешрафтҳои муҳим ба даст овардааст. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳазорҳо иншооти иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ бунёд гардида, соҳаҳои иқтисод, саноат, энергетика, нақлиёт, маориф, тандурустӣ ва фарҳанг рушд ёфтанд.

Имрӯз маҳз дар натиҷаи сулҳу ваҳдати миллӣ имкониятҳои васеъ барои ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ, рушди соҳибкорӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ фароҳам гардидааст. Татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла саноатикунонии босуръати кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди иқтисоди миллӣ дар фазои сулҳу суботи комил имконпазир гардидааст.

Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки сулҳу ваҳдат неъмати бебаҳо буда, ҳифз ва таҳкими он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад. Дар шароити ҷаҳони муосир, ки таҳдиду хатарҳои гуногун ба амният ва суботи давлатҳо таъсир мерасонанд, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ ва ваҳдати ҷомеа аҳаммияти махсус касб менамояд.

Имрӯз мардуми сарбаланди Тоҷикистон бо эҳсоси баланди ифтихори миллӣ дастовардҳои солҳои истиқлолият ва ваҳдати миллиро қадр намуда, барои ободиву пешрафти Ватани азиз саъю талош менамоянд. Итминони комил дорем, ки бо такя ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва сиёсати созандаи Пешвои миллат Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ ба дастовардҳои боз ҳам бузургтар ноил хоҳад гардид.

Роҳбари Маъмурияти

Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»

Собирзода Ҷамшед Абдусаид



Leave a Reply