ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТ ВА КОРМАНДОНИ МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА» ДАР ФОРУМИ XII БАЙНАЛМИЛАЛИИ САВДО ВА САРМОЯГУЗОРӢ

18 июни соли 2026 роҳбарият ва кормандони Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дар Форуми XII байналмилалии савдо ва сармоягузорӣ, ки дар вилояти Суғд баргузор гардид, иштирок намуданд.
Дар кори форум Раиси вилояти Суғд, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, доираҳои соҳибкорӣ, ширкатҳои ватаниву хориҷӣ, сармоягузорон ва шарикони рушд иштирок намуда, вобаста ба тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ва рушди иқтидори содиротии кишвар суханронӣ намуданд.

Зимни баргузории форум масъалаҳои муҳими рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, рушди саноат ва муаррифии имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҳошияи форум роҳбарият ва кормандони Маъмурияти МОИ «Данғара» бо як қатор сармоягузорон ва намояндагони доираҳои соҳибкорӣ мулоқоту гуфтушунидҳо анҷом дода, ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд мубодилаи афкор намуданд. Ҳамзамон, бо яке аз сармоягузорон Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд, ки барои ҷалби сармоя, таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ, роҳандозии истеҳсолоти рақобатпазир ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар ҳудуди минтақа заминаи мусоид фароҳам меорад.
Қобили зикр аст, ки ҳадафи асосии фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ, рушди истеҳсолот, афзоиши ҳаҷми содирот, ворид намудани технологияҳои муосир ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мебошад.
Иштирок дар чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҷалби сармояи нав, татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок ва рушди минбаъдаи Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» мусоидати назаррас хоҳад



Leave a Reply