ҶАЛАСАИ КОРӢ ОИД БА ОМОДАГИИ ҲАМАҶОНИБА ВА ИСТИҚБОЛИ САЗОВОРИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА»

17 июни соли 2026 дар Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ҷаласаи корӣ оид ба омодагии ҳамаҷониба ва истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Роҳбари Маъмурият Собирзода Ҷамшед Абдусаид баргузор гардид.
Дар ҷаласа роҳбарон ва сармуҳосибони субъектҳои минтақа, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони Маъмурият иштирок намуданд.
Дар оғози ҷаласа Роҳбари Маъмурият оид ба аҳамияти таърихии Истиқлолияти давлатӣ суханронӣ намуда, таъкид кард, ки Истиқлолияти давлатӣ бузургтарин дастоварди миллат буда, маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушду тараққиёт ворид гардид.

Зикр гардид, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ пояҳои давлатдории миллӣ таҳким ёфта, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдор гардида, даҳҳо барномаҳои муҳими давлатӣ амалӣ ва садҳо иншооти муҳими иҷтимоию иқтисодӣ бунёд карда шуданд. Ин дастовардҳо барои рушди устувори кишвар ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои вобаста ба омодагӣ ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, вусъат бахшидани корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ, нигоҳдории тозагӣ ва беҳсозии муҳити истеҳсолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон масъалаҳои рушди фаъолияти истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои нав, истифодаи технологияҳои муосир ва афзоиши ҳаҷми истеҳсолот муҳокима гардида, таъкид шуд, ки ҳар як субъекти минтақа бояд барои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ тадбирҳои муассир андешад.
Дар доираи омодагӣ ба ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи якуми соли 2026 нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти субъектҳо таҳлил гардида, ба роҳбарон ва сармуҳосибон ҷиҳати пешниҳоди ҳисоботҳои дақиқ, саривақтӣ ва мутобиқ ба талаботи қонунгузорӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Ҳамчунин масъалаҳои марбут ба ташаккули сармояи оинномавии субъектҳо, риояи интизоми молиявӣ, пешниҳоди маълумоти воқеӣ оид ба фаъолияти иқтисодӣ ва пардохти саривақтии маблағҳои истифодаи неруи барқ, об ва иҷораи замин мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар қисмати дигари ҷаласа масъалаҳои муқовимат ба терроризм ва экстремизм, таҳкими ҳушёрии сиёсӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон баррасӣ гардида, таъкид карда шуд, ки ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба давлатдорӣ ва таъмини амнияти ҷомеа вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Дар анҷоми ҷаласа Роҳбари Маъмурият иштирокчиёнро ба фаъолияти самаранок, масъулиятшиносӣ, ташаббускорӣ ва саҳмгузории фаъол дар рушди минбаъдаи минтақа ва истиқболи арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуд.
Аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, ба масъулин ҷиҳати иҷрои босифат ва саривақтии супоришҳои гузошташуда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.



Leave a Reply