ВОХӮРИИ РОҲБАРИ МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА» БО САРМОЯГУЗОРОНИ МАЛАЙЗИЯ

17 июни соли 2026 дар Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» вохӯрии роҳбари Маъмурият Собирзода Ҷамшед Абдусаид бо сармоягузорони Малайзия баргузор гардид.
Зимни мулоқот ба меҳмонон имкониятҳои сармоягузорӣ, шароити мусоиди пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва афзалиятҳои МОИ «Данғара» муаррифӣ карда шуданд. Аз ҷумла, оид ба имтиёзҳои андозию гумрукӣ, дастрасӣ ба инфрасохтори муҳандисӣ, содагардонии расмиёти соҳибкорӣ ва имкониятҳои таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ маълумот пешниҳод гардид.

Ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҷалби сармоя ба бахши истеҳсолот ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузориро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо барои таҳкими робитаҳои иқтисодию сармоягузорӣ ва рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»



Leave a Reply