- Wednesday June 17th, 2026
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
17 июни соли 2026 дар маҷлисгоҳи Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» вохӯрии роҳбари Маъмурият Собирзода Ҷамшед Абдусаид бо сармоягузорони Федератсияи Россия баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ роҳбари Маъмурият меҳмононро бо имкониятҳои сармоягузорӣ, самтҳои афзалиятноки рушди МОИ «Данғара» ва шароити мусоиди пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ шинос намуд. Таъкид гардид, ки дар натиҷаи татбиқи сиёсати созанда ва иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, рушди истеҳсолот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.
![]() |
![]() |
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузорӣ, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин, ба сармоягузорон имтиёзҳои андозию гумрукӣ, имкониятҳои инфрасохторӣ ва афзалиятҳои рақобатпазири Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» муаррифӣ карда шуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ изҳор намуда, барои густариши муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ҳавасмандии худро таъкид карданд.
Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»


Русский
English
