ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН БА МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА»

17 июни соли 2026 сармоягузорон ва намояндагони ширкатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ташриф оварданд.
Меҳмононро роҳбари Маъмурияти МОИ «Данғара» Собирзода Ҷамшед Абдусаид дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум истиқбол намуда, оид ба сиёсати созанда ва иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии соҳибкорӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ маълумот пешниҳод намуд.

Қайд гардид, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат барои сармоягузорон шароити мусоиди ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ фароҳам оварда, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷалби технологияҳои муосирро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии худ меҳисобад.
Дар идомаи сафар меҳмонон аз фаъолияти як қатор корхонаҳои истеҳсолии ҳудуди МОИ «Данғара» боздид намуда, бо иқтидорҳои истеҳсолӣ, инфрасохтори мавҷуда ва имкониятҳои сармоягузорӣ аз наздик шинос гардиданд.
Сипас, дар маҷлисгоҳи Маъмурият ҷаласаи корӣ баргузор гардида, зимни он имкониятҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, рушди истеҳсолоти саноатӣ ва таъсиси корхонаҳои нав мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Роҳбари Маъмурият ба меҳмонон имтиёзҳои андозию гумрукӣ, шароити мусоиди соҳибкорӣ, дастрасӣ ба инфрасохтори муҳандисӣ ва афзалиятҳои ҷуғрофию логистикии МОИ «Данғара»-ро муаррифӣ намуд.
Ҷонибҳо таъкид карданд, ки муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки бар пояи эҳтироми мутақобила ва ҳамкориҳои судманд бунёд ёфтаанд, барои татбиқи лоиҳаҳои нави иқтисодию сармоягузорӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои ҳамаҷониба, ҷалби сармояи хориҷӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки истеҳсолӣ дар ҳудуди МОИ «Данғара» изҳор намуданд.
Маъмурияти МОИ «Данғара»



Leave a Reply