- Thursday June 11th, 2026
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
11 июни соли 2026 дар Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» қабули расмии сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин аз ҷониби Роҳбари Маъмурият Собирзода Ҷамшед Абдусаид баргузор гардид.
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
Зимни мулоқот ба меҳмонон оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди иқтисоди миллӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва густариши фаъолияти соҳибкорӣ, ки дар доираи сиёсати созанда ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегарданд, маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Роҳбари Маъмурият таъкид намуд, ки Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ҳамчун яке аз минтақаҳои пешрафтаи иқтисодии кишвар барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва рушди истеҳсолот имкониятҳои васеъ фароҳам овардааст. Дар ин замина мавҷудияти инфрасохтори муосир, таъминоти устувори неруи барқ, шабакаҳои муҳандисию коммуникатсионӣ ва имтиёзҳои андозию гумрукӣ барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ таъкид гардид.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва ҷалби сармояи хориҷӣ баён намуданд.


Русский
English


