ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН БА МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА»

Санаи 10 июни соли 2026, дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷалби сармояи хориҷӣ ва ватанӣ, рушди саноат ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин аз Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» боздид намуданд.

Зимни вохӯрӣ ба меҳмонон имкониятҳои сармоягузорӣ, имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, инфрасохтори мавҷуда ва шароити мусоиди пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар минтақа муаррифӣ карда шуданд. Ҳамзамон, масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштараки истеҳсолӣ, ҷалби технологияҳои муосир ва густариши ҳамкориҳои иқтисодиву сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки Маъмурияти минтақа сиёсати «дарҳои боз»-ро нисбат ба сармоягузорон пайгирӣ намуда, барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок ва рушди истеҳсолоти рақобатпазир тамоми имкониятҳои заруриро фароҳам месозад.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои минбаъда ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ изҳор намуданд.



Leave a Reply