- Tuesday June 9th, 2026
- Posted by: BKOfficial
- Category: Хамаи хабархо
Бо мақсади татбиқи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти вилояти Хатлон, дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» аксияи тозагии дастаҷамъона баргузор гардид.
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
Дар чорабинии мазкур роҳбарият ва кормандони Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» фаъолона иштирок намуда, корҳои тозакунии ҳудуди маъмурият, роҳҳои дохилӣ, ҷамъоварии партовҳо, нигоҳубини дарахтону гулҳо ва дигар корҳои ободониро анҷом доданд.
Қобили зикр аст, ки Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» корҳои ободониву кабудизоркунӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зистро ба таври мунтазам роҳандозӣ намуда, чунин иқдомҳоро ҳамчун ҷузъи муҳими фаъолияти ҳамарӯзаи худ амалӣ менамояд.
Тадбирҳои мазкур дар доираи омодагӣ ба истиқболи ҷашни бошукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар партави ташаббусҳои созанда дар доираи «300 рӯзи созандагиву бунёдкорӣ» баргузор гардида, ба беҳтар гардидани муҳити корӣ, баланд бардоштани фарҳанги экологӣ ва боз ҳам ободу зебо нигоҳ доштани ҳудуди минтақа мусоидат менамоянд.
Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» минбаъд низ ҷиҳати татбиқи сиёсати ободониву созандагии давлату Ҳукумат ва иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоӣ чунин иқдомҳои судмандро мунтазам роҳандозӣ хоҳад намуд.


Русский
English


