ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН БА МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА»

Санаи 06 июни соли 2026 дар Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» вохӯрии расмӣ бо сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.
Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» Собирзода Ҷамшед Абдусаид меҳмононро самимона истиқбол намуда, ташрифи онҳоро хайрамақдам гуфт.

Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин масъалаи густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон, аз ҷумла истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷудаи сармоягузорӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифта буд.
Дар ин замина, роҳбари Маъмурият ба меҳмонон оид ба имкониятҳои васеи сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, имтиёзҳои гумрукӣ ва андозӣ, инфрасохтори мавҷуда ва шароити мусоиди пешбурди тиҷорат маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими ҳамкориҳои ду кишвари дӯсту ҳамсоя дар самтҳои тиҷорат, истеҳсолот, саноат, инфрасохтор ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ изҳор намуданд.
Дар анҷом изҳори боварӣ карда шуд, ки густариши чунин ҳамкориҳо ба рушди устувори иқтисоди миллӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни Тоҷикистону Ҷумҳурии Мардумии Чин мусоидат хоҳад кард.



Leave a Reply